БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал ҷараён дорад

ВАХШ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Ботробод»-и ҷамоати шаҳраки Киров чорабинии ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир намуд.

Дар чорабинии мазкур бонувони намунаҳои ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузоштанд.

Зимнан мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  Мардонова Сайёра иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки эҳё ва зинда гардонидани касбу  ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ниёгонамон ба мо меърос мондаанд, онҳоро ба насли ҷавону наврас омӯзондан ва чун гузаштагони хеш ба наслҳои оянда ба меърос гузоштан вазифаи ҷонии мост. Дар идомаи суҳбат кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар назди ҷамъомадагон оид ба Соли тақвияти робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg