БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум барои эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ талош варзида истодаанд

КУШОНИЁН. Бо мардуми  ҳунарманди  деҳаи Бофандаи ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия бо иштироки  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара  ва мудири шуъбаи кор бо занон  ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло, инчунин  кормандони  масъули  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардида, масъулин қайд каранд, ки дар руҳияи мардум тақвият додани ҳунармандиву бунёдкорӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо шаклу услуби қадимаву муосир, анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ дар маҳал, тарбияи насли наврас ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ  диққати махсусро равона намудаем.

 Дар баробари андешаронӣ Сатторова Мунаввара атрофи ҳодисаи фоҷиабору нангини гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки бо фармоиши ТЭТ ҲНИ дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара даст заданд, ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуд.

Дар охир иштирокдорон амали сангину нанговари гурӯҳи авбошони ҳайвонсиратро, ки наҳзатиён намехоҳанд Тоҷикистони мо ободу рушд ва зиндагии мардум орому осуда бошад, қотеъона маҳкум карда, ба ҳамлаи қотилон нафрат хонданд.

Инчунин, иброз карда шуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар гардида, сокинон ҳиссаи арзандаи худро дар корҳои созандагиву ободкорӣ бо ҳамдилӣ ҳиссагузорӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg