ВОКУНИШ. Тавре, ки имрӯзҳо ба назар мерасад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои гуногуни хабарии хориҷӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз баргузории конфоронс ва ё як нишасти хурд, ки аз якчанд нафар аъзои гурезаи он иборат мебошанд, хабар медиҳанду дар бораи Ватан, миллат, мазҳаб, дин ва ғайраҳо сухан мекунанд ва мардумро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд.