БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об асоси ҳастии инсон ва ҳама мавҷудоти зиндаи рӯйи замин аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ”-и ҷамоати деҳоти Халевард тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, ки дар он муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон иштирок намуд.

Нахуст, Содиқова Меҳрубон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ фикру ақидаи худро иброз дошта, дар идома оид ба Даҳсолаи байнанмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ҳарф зада қайд кард, ки об дар рӯи замин сарчашмаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тозагӣ, ки зери ин истилоҳ мафҳумҳои покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, кӯдакони ноболиғу сару либос ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад.

Ҳамаи инсонҳо чи марду чи зан чи кӯдакон вазифадоранд, ки тозагиро ҳамчун воқеияти аввалиндараҷа қарзи асосии инсониашон шумурда, ҷомеа, маҳал, оилаи хешро ҳамеша тозаву озода нигаҳдор бошанд. Тоза нигоҳ доштани оби кӯлу дарёҳо асоси ҳастии инсону ҳамаи мавҷудоти рӯй замин ва аз ҳама рукни муҳим аст.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg