БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи фарзандон дар роҳи давлатсозиву миллатдӯстӣ вазифаи муҳимми волидайн аст!

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз  бо иштироки мудири шуъбаи  таблиғот, иттиллоот  ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Негматов Наҷибулло, мутахассиси  шуъбаи таблиғот,  иттиллоот ва   матбуот Ҳикматова Хайринисо  вохӯрӣ баргузор гардида, ки дар он самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», дӯстии байни ду давлати ҳамдину ҳамфарҳанги Тоҷикистону Ӯзбекистон, ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ибрози андеша карданд.

Инчунин, дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Шаҳритуз Нишонов Давронбек  иштирок дошта, вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, маҳкум сохтани рафтору кирдори ваҳшиёнаи аъзои Ҳизби Наҳзати исломӣ, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардид, суханронӣ намуда,  аз ҳамагон ҷиҳати аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, арзишҳои миллӣ, гироми доштани муқаддасоти миллӣ ва тарбияи фарзандон дар руҳияи давлатсозиву миллатдӯстӣ ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg