БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷамъоварии ҳосили фаровон дар тирамоҳи заррин

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизӣ Сабоҳат ва раиси деҳаи Ҳосилоти ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст Азизӣ Сабоҳат  дар назди ҷамъомадагон аз  сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 27 сол, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, либоси миллӣ бо шакли гуногуни муосир, тарғиби  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуд.

Дар баробари самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати пешгирифтаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ибрози андеша намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ масъулин  аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии деҳқонони асили деҳа дидан карда, барои боз рушду равнақ додани касбу ҳунарҳои мардумӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб заминҳои кишт ба хотири  таъмини хушсифати маводи хӯрока ва аз ин ҳисоб баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg