ВОКУНИШ. Тавре, ки имрӯзҳо ба назар мерасад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои гуногуни хабарии хориҷӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз баргузории конфоронс ва ё як нишасти хурд, ки аз якчанд нафар аъзои гурезаи он иборат мебошанд, хабар медиҳанду дар бораи Ватан, миллат, мазҳаб, дин ва ғайраҳо сухан мекунанд ва мардумро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд. Роҳбарону масъулони ин созмони террористӣ бо хотири ба даст овардани маблағҳои ночиз заминаи ихтилофи мазҳабиро ба вуҷуд оварданд, ки дар оянда хатарҳои зиёди гӯшношунидро дар минтақа ба вуҷуд меорад.
Ин ифротгароён бо рафтору кирдори хоинонаи худ имрӯз низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз пайи туҳмату буҳтонҳои беасоси худ нисбати Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷиашон туҳфаҳои қимматбаҳо мегиранд.
Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ М. Кабирӣ дар хориҷи кишвар дар паноҳи хоҷагони худ қарор дошта, бо ҳар роҳ мехоҳад Ҳукумати Тоҷикистонро бадном намояд. Ҳамоише, ки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Варшаваи давлати Лаҳистон баргузор гардид, идомаи ҳамон дасисабозиҳои ин зархарид аст.
Рафтору кирдори онҳо хилофи таълимоти дини мубини ислом буда, омили бадномкунандаи муқаддасоти дини мубини ислом дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.
Мардуми сарбаланди Тоҷикистон хуб медонанд, ки наҳзатиҳо арзишҳои муқаддас, яъне Ватану миллатро фурӯхта, зери пой кардаанд ва ҳатто барои ҷоҳу маблағ шуда, мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул намудаанд.
ТЭТ ҲНИ ҳизби тафриқаангез аст ва зидди Истиқлолияти давлатӣ, низоми дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳадафи асоси ин ташкилоти террористӣ бо роҳи зӯрӣ ғасб намудани ҳокимият аст.
Имрӯз бадхоҳони миллат зархаридону хоинон ободии кишварро намехоҳанд, аз хориҷи кишвар вазъияти ҳақиқии Тоҷикистонро дарк накарда, дар расонаҳои хабарӣ туҳмату буҳтон бофта истодаанд. Зархаридону хоинони миллат як маротиба соли 1992 бо дурӯғу буҳтон, фиребу найранг мардумро ба майдон кашида, оқибат сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Тоҷикистон аз хуни фарзандони бегуноҳаш лолагун гашта, сарзамини сабзу хуррам ба харобазору вайрона мубаддал гашт.
Гурӯҳҳои ифротгароии Ҳизби наҳзати исломӣ ба куштори бераҳмонаи зиёиён ва шахсони мӯътабари кишвар даст зада, вазъияти бе ин ҳам нооромро мураккабтар мегардониданд.
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, ки будану ва чӣ мақсад доштани ин ташкилоти террористӣ- экстремистиро фаҳмида гирфт. Ҳеҷ гоҳ дигарбора фирефтаи найрангҳои ин зархаридон намешаванд.
Самараи неки истиқлолият аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳама тоҷику тоҷикистонист.
Мардуми Тоҷикистон, бахусус ҷавонон зарур аст, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар роҳи давлатдориву миллатсозӣ ва тамаддунофарӣ пайраву дастёри Асосгузори сулҳу вҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад, нисбати иғвою дасиса ва ҳодисаҳои дигари ҳамсон, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ дар хориҷи кишвар ба вуқӯъ меоянд, бетарафӣ накарда, ҳамеша бо вокунишҳои саривақтӣ мавқеъи худро муайян намуда, содиқона ба Ватан-Модари худ хизмат намоянд.
С. Маҳмадиев, узви гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав