ЛЕВАКАНТ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Дурандеш” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳунар зиннати инсон аст ” бо иштироки сокинони кӯчаҳои баландошёна дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ сокинон, аз он ҷумла занону духтарон ҳунарҳои пазандагӣ, дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, бофандагӣ бо дастони худ омоданамудаашонро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ватанзода Саидҷаъфар, кормандони масъули кумитаи иҷроия, иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ватанзода Сайҷаъфар ба сухан баромада, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудаанд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин, мавсуф оид ба терроризму экстремизм, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, муборизаи муташаккил бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа, пӯшидани сару либоси миллӣ, ҷавононро ба хизмат ба Ватан сафарбар намудан, омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ба ҷавондухтарон ва тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи касбомӯзӣ даъват намуд.
Сипас, ба иштирокчиёни фаъол, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ Ватанзода Сайҷаъфар Сипосномаҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард.
Дар охири чорабинӣ ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”бо барномаи консертӣ таъби ҳамагонро болида намуданд.