ҲАМАДОНӢ. Бо иштироки раиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар ташкилоти ибтидоии «Маркази назорати давлатии санитарии ва эпидемиологӣ»-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ суханронӣ карда, қайд намуд, ки дар баробари дигар омилҳои хатарзо ба генафонди миллат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда махсусан бемориҳои ВНМО∕АНМО ва Гепатити С бисёр ташвиш оваранд. Аз ин рӯ, донистани бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо амри зарурист.
Дар охир аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода маводҳои таблиғотӣ, китобҳои «Каъбаи умеди мо халқ асту бас!», Дастурамли коргузориву ҳуҷҷатнигорӣ, Оинномаи ҲХДТ ва нишонҳои сарисинагӣ супорида шуд.