БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шукӯфоии Ватан ва пешрафти диёрамон аз худи мо вобаста аст

ВАХШ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тепалик»-и ҷамоати шаҳраки  Кирови ноҳияи Вахш доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  чорабинии фарҳангӣ  доир гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Даминов Илҳом иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо модарони мо бояд ба духтарону наврасон  ҳунари аз гузаштагон  ба меърос гирифтаро омӯзонанд, то ин ки дар зиндагӣ дар пешбурди оилаи худ саҳмгузор бошанд.  Инчунин, иброз дошт, ки маҳз ҳамин тинҷиву оромии кишвар аст, ки имрӯз мо чунин чорабиниҳоро ташкил менамоем.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур занони ҳунарманди деҳа ваъда доданд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро  самаранок истифода бурда, дар ин сол  кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсули дастранҷи истеҳсолкардаашонро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар намуда, ҳунарҳои мардумиро аз нав эҳё хоҳанд кард.

Дар охир ба иштирокдорон озунмҳои ҳизбӣ ва Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  тарғиб карда шуда, онҳоро ба анҷоми корҳои хайру сахо ва созандагиву бунёдкорӣ даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg