БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Август 2018

Занон амалҳои зишту даҳшатафкани ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум мекунанд!

ШАҲРИТУЗ. Дар асоси нақшаи  кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии «Кӯмаки иҷтимоӣ  дар хона»  бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира  оид ба муҳокимаи ҳодисаи нангин, ки дар ноҳияи Данғара рухдода, ки боиси  марги 4 нафар сайёҳони хориҷӣ гардид ва аз ҷониби аъзоёни ТЭТ ҲНИ бавуқӯъ пайваст, хониши сиёсӣ  доир карда шуд.

Ташвиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар маҳал

А.ҶОМӢ. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии «Хуррамшаҳр»-и деҳаи Роҳи Сотсиализми ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор намуданд.

ТЭТ ҲНИ бо амали ноҷавонмардона хоин буданашро аён кард!

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Бақайдгирӣ» хониши сиёсӣ  доир карда шуд. 

Муборизаи беамони мо бар зидди ифротгароён ва террористон

КУШОНИЁН. Бо иштироки  кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи  Навободи ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо сокинон  мулоқот баргузор гардид.

Қадамҳои устувори мо ба сӯи ояндаи дурахшони Ватан!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Меҳрвари ҷамоати деҳоти Лоҳур доир ба муҳокимаи ҳодисаи нангини санаи 29 июли соли 2018  дар ноҳияи  Данғара, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва  намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамлаҳои ноҷавонмардонаи наҳзатиҳои беномусро маҳкум намуданд

АНДЕША. Аъзои бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Норак фоҷеаи нангини ҳамла ба сайёҳони хориҷиро, ки санаи 29 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз тарафи ҷавонони фирефтаи доми наҳзатиҳошуда сурат гирифт, кирдори ваҳшиёнаву ноҷавонмардона ва разилона унвон карда, қатъиян маҳкум менамояд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҳиллаҳои наҳзатиҳои лаънатӣ хуб огоҳанд!

Ш.ШОҲИН. Воқеаи нангине, ки рӯзи 29 июли соли 2018 баъд аз нисфирӯзи дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод, ҳар як шаҳрванди худогову миллатпарастро бетараф монда наметавонад.

Ҷавонони узви ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ амали ваҳшиёнаи хоинони Ватанро маҳкум карданд!

А.ҶОМӢ. Дар толори бахши фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», бо иштироки ҷавонони соҳаҳои мухталифи ҷомеаи ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Мардуми меҳнаткаши ноҳияи Ҷайҳун амали нангини ҳамла ба сайёҳонро маҳкум карда, ба наҳзатиҳои шайтонсират лаънат хонданд!

ҶАЙҲУН. Дирӯз вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия дар робита ба ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба вуқӯъомада, бо иштироки зиёда аз 86 нафар сокинони фаъоли ноҳия сурат гирифт.

Ба душманони дохилӣ ва хориҷӣ шадидан мубориза мебарем!

ХОВАЛИНГ. Мутобиқ ба ҷадвали тасдиқнамудаи  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ҷонишини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, аъзои гурӯҳи  авангарди назди Вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нощия оид ба  амали террористии рӯзи 29 июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара рухд

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg