БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардуми меҳнаткаши ноҳияи Ҷайҳун амали нангини ҳамла ба сайёҳонро маҳкум карда, ба наҳзатиҳои шайтонсират лаънат хонданд!

ҶАЙҲУН. Дирӯз вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия дар робита ба ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба вуқӯъомада, бо иштироки зиёда аз 86 нафар сокинони фаъоли ноҳия сурат гирифт.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фарҳод Обидов вобаста ба қазияи воқеъан зишт ва нанговари ноҷавонмардонаи бадхоҳони миллат суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки мо тоҷикон аз таърихи башарият далел меорем, ки дар ягон давру замон ба дигарон зарар нарасонидаем ва барои манфиатҳои худро ҳимоя кардан, аз роҳҳои зараррасон истифода ҳам накардаем.

Мутаасифона ҳазораи сеюм бо бархӯрди тамаддунҳо ва аз байн бурдани фарҳангҳо ба инсоният зарбаи ҳалокатбор мезанад. Далели гуфтаҳои боло амали мудҳише, ки як гурӯҳ ҷавонони мағзшӯйикардашуда аз ҷониби гурӯҳи террористии ба ном давлати исломӣ мебошад. Онҳо то дараҷае мағзшӯи карда шудаанд, ки барои анҷом додани ин амали мудҳиш ва ноҷавонмардона даст заданд. Аз рисолати инсонӣ фаромӯш кардаву ба иҷрои дастури хоҷагон дар Ватани ободу осудаи хеш гаштанд. Онҳо дарк мекарданд, ки чунин амали ношоиста ва кирдори ноҷавонмардонаи онҳо метавонад доғе дар суфраи поки тоҷикона гардад. Вале ба ин нигоҳ накарда онҳо аз роҳи худ нагаштанд. Ин оби пок ва ин хоки серҳосили Ватан-Модар онҳоро бахшида наметавонад. Онҳо маҳкумшуда мебошанд. Фарзандони фарзонаи миллат шабонарӯз дар марзи кишвар хоки ин сарзаминро аз бадхоҳон, душманон ва ифротгароён муҳофизат карда истодаанд. Онҳо ҷони худро дареғ надошта барои осоишта ва бехатар зиндагӣ кардани мо ҷонбозиҳо мекунанд. Инро нодида гирифтан хатои маргбор хоҳад буд. Имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хатарҳоро пайхас намуда, роҳи наҷот аз онро дар илму маърифат диданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми заминаҳоро барои донишманд намудани насли наврасу ҷавон фароҳам оварданд. Ба соҳаи фарҳангу маориф аҳамияти аввалиндараҷа дода, мактабҳои олӣ, касбӣ ва миёнаро бо усулҳои таъмиру таҳсили замонавӣ таъмин намуданд. Иҷрои ин рисолат босуръату сифати баланд ҷараён дорад. Мо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ин амали нангинро маҳкум намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда мегӯем, ки инҳо ба ном тоҷик будаанд. Дар тинати ин хоинон меҳру муҳаббати Ватан, Модар ақлу инсофи инсонӣ, ахлоқи тоҷикона ва хуни тоҷикӣ намондабудааст.
Ҳеҷ як фарзанди ин сарзамин, ки шарафу номус дорад ба чунин амали мудҳиш даст намезанад қайд доштанд масъулини кумита.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg