ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи вохӯриҳо мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бозори марказӣ» доир гардид.
НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Хоҷаабдолони ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Гулов Абдураҳмон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар деҳаи Муротеппа 1-и ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки васеъи сокинон бо мақсади сафарбар намудани аҳолӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқот баргузор гардид.
МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқот баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Меҳробод ҳашари умумӣ баргузор гардид.
КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита бо маҳал эълон намудааст, дастгирӣ намуда , ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро оид ба барномаи ҳизб ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинос намуда, мавриди баррасӣ қарор доданд.
КӮЛОБ. Вобаста ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиокиситон гурӯҳи корӣ бо сокинони маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир намуданд.
ҚУБОДИЁН. Дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён тибқи нақша- чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ доир гардид.
ДӮСТӢ. Тибқи Низомномаи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар кӯчаи марказии ноҳия шанбегӣ бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро доир намуд.
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Оқсу хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ баргузор гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12