БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои ниёгон вазифаи мо мебошад

НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ  дар деҳаи Хоҷаабдолони ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумриниссо ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Гулов Абдураҳмон чорабинии фарҳангӣ  баргузор гардид.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон ба хушнудӣ пазируфта шуд.

Зимни вохӯри Гулмуродзода Қумриниссо  оид ба рушди ҳунарҳои  мардумӣ ва корҳои хонагӣ баромад намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки  имрӯз эҳё ва ҳифз намудани анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қарзи ҳар як фарди тоҷик аст. Имрӯз Тоҷикистонро бо забон, таърих, урфу одат ва ҳунарҳои мардумиаш мешиносанд. Маҳз ҳаминро ба инобат гирифта,   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Зимни чорабинӣ занону бонувони ҳунарманди деҳаи Хоҷаабдолон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  хушнуду сарфароз буда, бо ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият медиҳанд.

Ҳамчунин аз тарафи аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” барномаи консертӣ пешкаши аҳолии деҳа гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg