КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита бо маҳал эълон намудааст, дастгирӣ намуда , ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро оид ба барномаи ҳизб ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинос намуда, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин дар барои ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғара ба вақӯъ омада, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардид, бо мардум вохӯрӣ гузаронида, хоинон ва ифротгароёни наҳзатиро, ки ба номи поки Ислом доғ меоранд ва онро ин амалҳоро барои манфиатҳои шахсии худ истифода мекунанд, маҳкум намуда, қайд карданд, ки муборизаро алайҳи чунин ҳизбу ҳаракатҳои худхоҳу ифротиро ҷоннок менамоем.