БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум: ТЭТ ҲНИ сабабгори аслии ҷанги шаҳрвандӣ буд ва имрӯз низ хоҳони бадбахтии миллат аст!

Н.ХУСРАВ. Тибқи   ҷадвали  тасдиқгардида   дар  деҳаи   Муротеппа 1-и  ҷамоати  деҳоти  Фирӯзаи  ноҳияи  Носири  Хусрав бо иштироки  васеъи  сокинон бо  мақсади  сафарбар  намудани  аҳолӣ  ва саҳмгузорӣ дар  рушди  сайёҳӣ   ва  ҳунарҳои  мардумӣ мулоқот  баргузор  гардид.

Сокинони  маҳалла  вобаста  ба  мақсади  тараққӣ  додани соҳаи  сайёҳӣ муаррифии  шоистаи  имкониятҳои   сайёҳии  мамлакат  ва  фарҳанги  миллӣ  дар  арсаи  байналмилалӣ,   урфу  одат,  анъанаҳои  миллӣ намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ ва маҳсулоти  кишоварзиро ташкил ва ба  намоиш  гузоштанд.  

Мулоқотро  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  ифтитоҳ  намуда, қайд  кард, ки ҳамаи  мо  аз  ҳодисаи  нангини  дар  ноҳияи  Данғара  ба  вуқӯъ омада, ки  боиси  марги  сайёҳони  хориҷӣ  гардид,   огоҳ  ҳастем. Душманони  миллат, бахусус  гурӯҳи  муташаккили  ҷинояткор  бо  дастури ТТЭ ҲНИ  ба  амал  оварда шуд ва кӣ будани ТЭТ ҲНИ-ро мардуми тоҷик бори дигар хуб мушоҳида карданд.     Маҳз  аъзои  ҳамин  ҳизб  дар  солҳои  аввали  Истиқлоияти  мардуми  ноогоҳро  ба  майдонҳо  кашида, бо  дастури  хоҷагони аҷнабии  хориҷиашон   талаботҳои  сиёсии  худро   пешниҳод  намуда,  сабабгори  ҷанги  шаҳрвандӣ  ва  рехта шудани  хуни  зиёда  аз 160 ҳазор  бегуноҳи   кишвар  гардиданд.

Аз  ин  рӯ,  мо  сокинони  кишвар  дар  атрофи Сарвари бонангу  ору  инсондӯсту  ободгари давлатамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида,  намегузорем, ки  душманони  давлату  миллат ин  тинҷиву  оромии  моро  халалдор  намоянд.   

Инчунин, дар идома бахшида  ба  Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ,     амалӣ  намудани    озмунҳои   ҳизбӣ   ва  баргузории  Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ,  маҳсули  дасти  сокинони   маҳалла  ва  маҳсулоти  кишоварзии  сокинон    ба  намоиш  гузошта  шуда,  иштирокдорон барои ташкили ҳунарҳои мардумӣ  изҳори миннатдорӣ баён карданд.

Баъдан раиси  маҳаллаи  Муротеппа А.Холмирзоев  баромад  намуда, амали  нанговари  душманони миллат дар  ноҳияи  Данғара рухдодаро  маҳкум  карда,  иброз дошт, ки ҷиҳати  минбаъд  пешгири намудани  чунин воқеаҳо  ҳамаи  чораҳои  заруриро  меандешем.

Дар партави Аксияи ҳизбӣ сокинон тасмим  гирифтанд, ки  дар таъмиру тармими  муассисаи таҳслоти  миёнаи  умумии  № 3-и  саҳм гузошта,  ният доранд то оғози соли нави хониш муассиаи таълиро аз тармиму таъмири босифат бароранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg