БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”дар пешрафту шукуфоии Ватан мусоидат хоҳад намуд!

ДӮСТӢ. Тибқи Низомномаи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар кӯчаи марказии ноҳия шанбегӣ бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро доир намуд.

Дар доираи Аксияи мазкур кӯчаҳо ва ҷӯйборҳои худуди шаҳрак тоза карда шуда, инчунин деворҳои назди биноҳо сафеду рангбор карда шуданд.

Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳияи Дӯстӣ  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро якдилона дастгирӣ намуда, дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, анҷоми корҳои хайру сахо саҳми арзанда  доранд. Чунин чорабиниҳо дар партави  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ҳудуди ноҳия роҳандозӣ шуда истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg