БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бозор баёнгари фарҳанги ҳар диён аст

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи вохӯриҳо мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бозори марказӣ» доир гардид.

Номбурда дар назди ҳозирин оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, батадриҷ амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар, саҳми бозор дар амалишавии  ҳадафҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан ронд.

Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ аз роҳбарияти бозор хоҳиш карда шуд, ки минбаъд низ барои пешгирӣ аз пӯшидани либосҳои бегона ба фарҳанги миллӣ аз тарафи фӯрушандагон, соҳибкорон, эътибори ҷиддӣ дода, барои пурра ба либоси ягона ва фарқкунанда таъмин намудани фурӯшандагони бозор эътибори хоса дода шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg