БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ моро ба саодати зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад!

ҚУБОДИЁН. Дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён тибқи нақша- чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин иштирок дошта,  оид ба  масъалаҳои ташвишовари ҷомеа, ҳодисаи нангини  гурӯҳи ҷинояткори ТТЭ ҲНИ  ва вобаста ба самтҳои  афзалиятноки  ҲХДТ, эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, зикр кард, ки  рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба некӯаҳволии мардум  мусоидат намуд.

Дар чорабинии мазкур ҳунарҳои мадумии ҳунармандони деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, аз қабили қуроқдӯзӣ, кашидадӯзи сӯзанидӯзӣ, гилему намадбофӣ ва маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ,  консервакунонидашуда  ба намоиш гузошта шуданд.

Дар фароварди чорабинӣ барномаи рангини консертии дастаи ҳаваскорони деҳаи Ваҳдат пешкаши ҳозирин гардонида шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg