ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Сафедсанги ҷамоати деҳоти Лоҳур ҳамоиш бо мақсади маҳкум намудани амалҳои ноҷавонмардонаи гуруҳҳои ифротӣ, ки ҷони чанд нафар сайёҳони хориҷиро дар шоҳроҳи ҳудуди ноҳияи Данғара рабуда буд, баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва дар самти амалишавии ҷадвали баргузории чорабиниҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Гулгашти ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев намоиши ҳунарҳои миллӣ баргузор гардид.
ВАХШ. Дирӯз дар маҳаллаи Якатут 3- и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина ва раиси Кумитаи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Тоҷикобод Раҳимов Аслиддин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нишон додани вокуниши фаврӣ ба амалҳои террористони манфури наҳзатӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
БАЛҶУВОН. Дар деҳаҳои Холдорчашма, Оличадара ва Дашти Ҷантоқои ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинон вобаста самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва огоҳонидани сокинони маҳал аз амалҳои разилонаи гуруҳҳои ифротӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия»-и ноҳия тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳодисаву воқеаҳои рӯйдода хониши сиёсӣ баргузор гардид.
А.ҶОМӢ. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ғайрат» бо иштироки қишрҳои гуногуни ҷомеа шаҳрвандӣ соати сиёсӣ баргузор гардид.
ХОВАЛИНГ. Неъматулло Ҳабибов аз хурдӣ ба касби кандакорӣ, ба тайёр кардани ҳар гуна асбобҳои рӯзгор, аз ҷумлаи дару тиреза, ҷевон, табақ, қошуқу чахчӯб ва дигар олотҳои рӯзгор шавқу рағбати зиёд дорад.
ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маҳаллаи № 9» чорабинии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир намуданд. Дар рафти чорабинӣ нахуст бо сокинон суҳбат намуда, оид ба ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон маълумот доданд.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12