ХОВАЛИНГ. Неъматулло Ҳабибов аз хурдӣ ба касби кандакорӣ, ба тайёр кардани ҳар гуна асбобҳои рӯзгор, аз ҷумлаи дару тиреза, ҷевон, табақ, қошуқу чахчӯб ва дигар олотҳои рӯзгор шавқу рағбати зиёд дорад.
Меҳри касби аҷдодиро дар дили ӯ падараш усто Ҳабиб бедор намудааст. Ӯ ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, имрӯз аз иҷрои сохтани тамоми намуди асбобу анҷом, ки аз ӯ дархост менамоянд, мебарояд. Ӯ дар сохтани ҳар як асбоб навигарие эҳё менамояд, ки аз дидани он ҳаваси кас меояд.
Маҳсули дастони пурэъҷози ӯро дар бисёр хонадони мардуми ноҳия ва берун аз он дидан мумкин аст.
Асбобу анҷоми ин устои чирадаст намоишгоҳҳои ноҳияро, ки ба ин ё он муносибат ташкил карда мешавад, зебу оро медиҳад. Касбу ҳунар қадру қимати одамро боло мебардорад. Чи тавре шоир фармудааст:
Бо ҳунар боло нишинаду қадр бинад…, - мегӯяд ӯ.
Неъматулло аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ ӯ кӯшиш дорад, ки дар соли барои ҳунармандон махсус ҳунарҳои аз байн рафтаи ниёгонамонро эҳё намуда, ба мардум пешкаш намояд.