БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амали ноҷавонмардонаи наҳзатиён сокинонро дар Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дилшикаста нахоҳад кард!

ВОСЕЪ. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва дар самти амалишавии ҷадвали баргузории чорабиниҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Гулгашти ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев намоиши ҳунарҳои миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова иштирок ва баромад намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, Оиннома ва Барномаи он ва ҳодисаи нангини рухдода, ки ба сайёҳони хориҷӣ таъсири бади равонию ҷисмонӣ расонид ба ҳозирин маълумоти муфассал дода, амалҳои ифротии наҳзатиёни хоинро сахт маҳкум намуд.  

Иштирокдорон қайд доштанд, ки дар соли ҳунарҳои мардумӣ мо бо чунин амалҳои анҷомдодаи гуруҳҳои ифротӣ дилшикаста нагардида, мубориза бо онҳоро бо ин роҳ идома дода, фазои Ватани азизамонро бозҳам ободтар менамоем то дар чашми хоинони миллат мисли хор вонамуд гардад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg