БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиён бо амалҳои террористии худ мардумро аз роҳи созандагӣ гардонида наметавонанд!

БАЛҶУВОН. Дар деҳаҳои  Холдорчашма, Оличадара ва Дашти Ҷантоқои  ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо иштироки  кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинон вобаста самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва огоҳонидани сокинони маҳал аз амалҳои разилонаи гуруҳҳои ифротӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Инчунин, дар суҳбат атрофи фоҷеаи бавуқуъомада дар ноҳияи Дангараи вилояти Хатлон, ки боиси ба ҳалокат расидану зарари ҷидди ҷисмонию равони дидани сайёҳони хориҷиӣ гардид, андешаронӣ карда, баҳри аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ дар байни занону ҷавонони маҳал маслиҳату тавсияҳои судманд дода шуд.

Дигар баромадкунандагон низ чунин амалҳои ғайричашмдоштро ҷидддан маҳкум намуда ба саркардагони ҲНИ ва ДИИШ лаънат хонданд.

Ҳамчунин дар рафти хониши сиёсӣ масъулин  аз меҳнату заҳмати яке аз асалпарваронӣ деҳаи Оличадара Амирхонов Зувайдулло шинос шуданд.

Амирхонов Зубайдулло зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар ҳамин давра   аз 30 оилаи занбӯрӣ асал  2 тоннаву 500 кг асали софи табобатӣ ба даст овардам, ки барои баланд гаштани сатҳи зиндагӣ мусоидат намуд.

Дар баробари ин  1 гектар боғи содиротӣ  низ дорам, ки 4 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд, дар оянда кӯшиш дорам, ки мавзеи боғи содиротиро зиёд кунам,  шахсони  бекори ин деҳаро  бо ҷойи кори доимӣ  таъмин  ва бо меваҳои тару тозаи  худ дастурхони мардуми тоҷикро  пурфайз гардонам.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg