БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амали ноҷавонмардонаи наҳзатиён пеши роҳи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро гирифта наметавонад

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маҳаллаи № 9» чорабинии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир намуданд. Дар рафти чорабинӣ нахуст бо сокинон суҳбат намуда, оид ба ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон маълумот доданд. Дар ин росто қайд намуданд, ки ин амали ноҷавонмардонаи наҳзатиён барои мо монеа дар рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ шуда наметавонад.

Зимни баргузории ин чорабинӣ сокинони маҳалла, намунаи ҳунарҳои мардумиро, аз қабилӣ зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чодарҳои чакан, куртаю тоқии чакан, болишту кӯрпачаҳо, қуроқдӯзӣ, ҷӯроббофӣ ва дигар намуди маҳсулотҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.

Гӯшаи дигари намоишгоҳро намунаи анвои қаннодӣ ва дегҳои оши бурида зиннат медоданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg