А.ҶОМӢ. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ғайрат» бо иштироки қишрҳои гуногуни ҷомеа шаҳрвандӣ соати сиёсӣ баргузор гардид.
Сипас, дар назди сокинон корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қурбонов Абдурашид оид ба ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон суханронӣ карда шуда, ҷузъиёти онро шарҳ дод.
Сокинон ин амали нафратовари наҳзатиёнро маҳкум сохта, иброз доштанд, ки мардуми меҳмоннавози тоҷик ин амали ноҷавонмардонаро ҳеҷ гоҳ намебахшад.