БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳодисаи фоҷеабори ҳалокати сайёҳон дар замири аҳли ҷомеа ҳисси нафрат ба наҳзатиёнро зиёд намуд!

ВАХШ. Дирӯз д­ар ма­ҳа­ллаи Якатут 3- и ҷамоати деҳоти Тоҷик­об­оди ноҳ­ия бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина ва раиси Кумитаи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Тоҷикобод Раҳимов Аслиддин ­во­баста ба самтҳои афзалиятноки фаъолият­и­ ҲХДТ ва нишон додани вокуниши фаврӣ ба амалҳои террористони манфури наҳзатӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид­.
Сараввал Нур­алиева Мадина мақсади асосии баргузории чораб­иниро ба иштирокчиён оид ба маҳкум намудани амалҳои террористӣ шарҳ дода, зимни суханрониаш­ қайд кард, ки мо бояд занону бонувон ва насли наврасу ҷавон ба ин масъалаи мубрами рӯз аҳмияти ҷиддӣ­ зоҳир намоем.

 Сипас,иштирокчиёни чорабинӣ низ атрофи ­масъалаҳои болозикр фикру мулоҳизаҳояшонр­о баён намуда, қотеона амалҳои ифротии чандтан ҷавонони ноогоҳе, ки амали террористиро бо супориши хоҷагони хориҷиашон хусусан ҲНИ роҳандозӣ карданд, ки зарба ба ҷони сайёҳон заданд, сахт маҳкум намуданд.

Дар охир Раҳимов Аслиддин қайд нам­уд, ки ҷавонону наврасон бояд дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба­ арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg