Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия»-и ноҳия тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳодисаву воқеаҳои рӯйдода хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст, масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба фоҷиаи аз ҷониби терррористони наҳзатӣ ба қатл расидани сайёҳони хориҷиро мавриди муҳокима қарор дода, ин амали нангинро маҳкум намуданд.
Дар охир чанде аз иштирокдорон дар доираи суханрониҳои судманди масъулин фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, иброз намуданд, ки мо масъулини ҳизбӣ дар амалӣ гардонидани сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзандаи худро мегузорем ва бар зидди гуруҳҳои ифротӣ, ки амнияту суботи Ватанамонро халалдор кардан мехоҳанд, муборизаи беамон мебарем.