БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба наҳзатиҳо лаънат хонданд!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Сафедсанги ҷамоати деҳоти Лоҳур ҳамоиш бо мақсади маҳкум намудани амалҳои ноҷавонмардонаи гуруҳҳои ифротӣ, ки ҷони чанд нафар сайёҳони хориҷиро дар шоҳроҳи ҳудуди ноҳияи Данғара рабуда буд, баргузор гардид.

Чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад  оид ба масъалаҳои оқибатҳои фоҷиаборӣ гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва амали ноҷавонмардонаи наҳзатиён дар ростои Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки эшон мехостанд бо куштани сайёҳон ин иқдоми шоистаро беранг кунанд, аммо миллати тоҷик бо меҳмондӯстии хосаи худ дилу дидаи ҷаҳониёнро тасхир кардааст.

Дигар иштирокдорони ҳамоиш низ бо баромадҳои пурмазмуни худ амали зишти гуруҳҳои ифротиро, ки дар қаламрави ноҳияи Дангара анҷом додаанд қотеона маҳкум намуда, ба наҳзатиён барои ин амали ноҷавонмардонаашон лаънат хонданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg