БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ҳама ҷо ба ТЭТ ҲНИ лаънат мехонанд!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Оқсу хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои  ташкилотҳои террористиву экстремистӣ  баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Каримов Пирмаҳмад дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии деҳаи “Баҳор” доир карда шуд.

Зимнан  Каримов Пирмаҳмад  дар назди ҷамъомадагон  доир ба фоҷиаи  нангину саҳми  гурӯҳи ҷиноятпешаи  ТТЭ ҲНИ, ки дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 3 нафарро  захмин карданд,  андешаронӣ намуда, онҳоро бори дигар ҳушдор дод, ки  дар таълиму тарбияи  фарзандон беаҳамият набошанд,  дар ҳолати  дар маҳали зист  пайдо шудани шахсони бегона мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро хабардор кунанд, нагузоранд, ки  баднияту ҳайвонсириштон фазои орому осудаи моро бо ғаразҳои  нопоки худ ғуборолуд созанд. Ҳамзамон ба дарки ҷомеа расонида шуд, ки амалҳои террористиву экстремистие, ки дар Ватани маҳбуби мо  рух медиҳанд, саркардагони онҳо ТЭТ ҲНИ  буда, бо ҳар  роҳу восита давлатҳои исломиро бадном карда истодаанд. Баъдан дар рафти чорабинии мазкур Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” доир гардид, ки  иштирокдоронро барои анҷоми корҳои хайру сахо, корҳои ободониву созандагӣ, сафарбар кардани мардум ба тозаю озода намудани маҳали зист, кӯмак ба шахсони ниёзманди ҷомеа раҳнамоӣ намуд.

Инчунин, иброз карда шуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар гардида, сокинон ҳиссаи арзандаи худро дар корҳои созандагиву ободкорӣ бо ҳамдилӣ ҳиссагузорӣ намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg