БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ягон давру замон амалҳои зишти қотилон беҷазо намондааст!

МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод  тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот  муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод С.Мирзошарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, Гулсунбӣ Раҷабова самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, инчунин ҳодисаи  нангини аъзои ТТЭ ҲНИ, ки ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ ҳамлаи  ноҷавонмардона намуданд, дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расида, 3 тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷимонӣ бардоштанд, муҳокима намуд.

Андешарониҳои мавсуфро ҷамъомаданон  бо диққат гӯш карда,  бо ҳамовозии  баланд рафтори ваҳшиёнаи  ин гурӯҳи ҷинояткор, хоинони давлату миллатро, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу восита  нуфузи Тоҷикистонро  паст зананд, сахт маҳкум карданд ва  ба онҳо  лаънат хонданд.

Инчунин,  бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар кӯчаи мазкур намоиши ҳунарҳои дастии сокинони кӯча, аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки аз намоишгоҳ  ҳамагон дидан карда, ба онҳо  аҳсану офарин гуфтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg