БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҳиллаҳои наҳзатиҳои лаънатӣ хуб огоҳанд!

Ш.ШОҲИН. Воқеаи нангине, ки рӯзи 29 июли соли 2018 баъд аз нисфирӯзи дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод, ҳар як шаҳрванди худогову миллатпарастро бетараф монда наметавонад.

Тибқи таҳлилҳои коршиносон ва ҷомеаъшиносон баъд аз шикасти ДИИШ террористону ифротгароён дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида, дар ҳар гӯшае амалҳои нангину  харобиоварро ба бор меоранд. Ин тоифа аз ҷиноятҳои муташаккил ба ҷиноятҳои алоҳида ҷиҳоди оилавӣ, ҷиҳоди илҳом гузаштаанд. Воқеаи мудҳиши ҳузновар далолат аз он медиҳад, ки имрӯзҳо дар фазои осоиштаи Тоҷикистон низ пайравони ҲНИ ва ДИИШ  мехоҳанд  бо ҳар роҳу восита ба ҳаёти осоиштаи мардум халал ворид намуда, эътибору обрӯи  Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар миқиёси байналмилалӣ паст намоянд. Аммо хушбахтона мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин ҳиллаҳои ҲНИ ва пайравони ДИИШ огоҳанд ва ба ин хоинон марг хоҳонанд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ин амали нангини хоинонаро  сахт маҳкум намуда, ба ин хоинони Ватану миллат лаънат мехонанд. Бо ҳамин мақсад  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Толибҷон Назарзода дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg