БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занон амалҳои зишту даҳшатафкани ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум мекунанд!

ШАҲРИТУЗ. Дар асоси нақшаи  кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии «Кӯмаки иҷтимоӣ  дар хона»  бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира  оид ба муҳокимаи ҳодисаи нангин, ки дар ноҳияи Данғара рухдода, ки боиси  марги 4 нафар сайёҳони хориҷӣ гардид ва аз ҷониби аъзоёни ТЭТ ҲНИ бавуқӯъ пайваст, хониши сиёсӣ  доир карда шуд.

Нахуст, Абдуллоева Шоира  дар назди ҷамъомадагон  фоҷиаи даҳшатбори  сайёҳони хориҷиро муҳокима карда, аз онҳо, алалхусус ҷавонон барои дар амал татбиқ намудани  сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  аз даст надодани  зиракиву ҳушёрии сиёсӣ даъват ба амал овард.

Иштирокдорони хониши сиёсӣ ин амали разилонаву террористонаи аъзои ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg