БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЭТ ҲНИ бо амали ноҷавонмардона хоин буданашро аён кард!

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Бақайдгирӣ» хониши сиёсӣ  доир карда шуд. 

Дар он  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринисо ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бақайдгирӣ ”  Саидов Суҳроб  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Гулмуродзода Қумриниссо оид ба ҳодисаи фоҷиабори  гурӯҳи ҷавонони  роҳгумзада, ки боиси марги 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе бо содир кардани  амали ваҳшиёнаи пахши сайёҳон бо автомобили сабукрав ва  корду табар захмин кардани онҳо  баамаломад,  ҳарф зада, иброз дошт, ки  бадбахтона   ду нафар ҷавононе, ки дар амали ноҷавонмардона даст доштанд, сокинони шаҳри Норак мебошанд ва онҳо бо амали нангину зишт ба номи  шаҳр доғ оварданд.  Рафтору кирдори  ҷавонони роҳгумзадаро  миллату давлат ҳеҷ гоҳ намебахшад ва онҳо  барои амалкардҳои  худ дар назди  қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.  Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ҷиҳати муборизаи беамон  бурдан бар зидди  ҳизбу гурӯҳҳои  ирфотию хоин  омода бошанд ва нагузоранд, ки  нохалафе  осмони софи Ватани маҳбубамонро бо ғаразу ниятҳои нопоки худ ғуборолуд созанд.

Дар охир ҷамъомадагон  суханрониҳои судмандро  якдилона  пазируфта, ҳамлаи ваҳшинаи  ҷавонони  ҳайвонсириштро қотеъона маҳкум карда, нафрат хонданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg