БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташвиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар маҳал

А.ҶОМӢ. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии «Хуррамшаҳр»-и деҳаи Роҳи Сотсиализми ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор намуданд.

Зимни суханронии худ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ашӯров Сунатулло дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳодисаи нангине, ки рӯзи 29 июли соли 2018 сол дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рух дод, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардидааст, андешаронӣ намуд.

Дар навбати худ сокинони маҳаллаи мазкур ин амали ношоистаро ба таври қатъӣ маҳкум карданд. Баъдан мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Самадзода Саёҳат  оид ба баланд

бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ баромад карда,  ҷамъомадагонро барои  дар оянда гирифтани пеши роҳи ҷиноятҳо, тарбияи  ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон,  аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудани волидайн дар  таълиму тарбияи фарзанд ва дар амал татбиқ намудани Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки саропо  барои беҳбудии рӯзгори мардум ва  боз ҳам шукуфонтар шудани Тоҷикистони азиз  равона карда шудааст,  раҳнамоӣ намуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg