БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қадамҳои устувори мо ба сӯи ояндаи дурахшони Ватан!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Меҳрвари ҷамоати деҳоти Лоҳур доир ба муҳокимаи ҳодисаи нангини санаи 29 июли соли 2018  дар ноҳияи  Данғара, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва  намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии деҳаи “Меҳрвар” доир карда шуд.

Зимнан Каримов Пирмаҳмад  ба ҷамъомадагон фоҷиаи  даҳшатбори  аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷинояткор бо сарпарастии ТЭТ ҲНИ ва ДИИШ  дар куштори 4 нафар саёҳони хориҷӣ  рух дод,  андешаронӣ намуда,  рафтору кирдори ваҳшонияти гурӯҳи ҷавонони гумроҳро  сахт маҳкум намуд.

Инчунин, дар идома  мавсуф оид ба саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободкорӣ дар маҳалҳо бахшида ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар заминаи дастуру супоришҳои  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, омодагии хоҷагиҳо ба тирамоҳу зимистони пешомад  суханрони намуда, иброз дошт, ки халқи шарафманди тоҷик то имрӯз баҳри беҳтар гардонидани зиндагии худ ва пойдории давлат ранҷу машақатҳои зиёди таърихиро паси сар намудааст ва ба сӯи шукуфоиҳо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузошта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg