БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамлаҳои ноҷавонмардонаи наҳзатиҳои беномусро маҳкум намуданд

АНДЕША. Аъзои бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Норак фоҷеаи нангини ҳамла ба сайёҳони хориҷиро, ки санаи 29 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз тарафи ҷавонони фирефтаи доми наҳзатиҳошуда сурат гирифт, кирдори ваҳшиёнаву ноҷавонмардона ва разилона унвон карда, қатъиян маҳкум менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ин кирдори ваҳшиёнаи зархаридони ҲНИ ва ДИИШ ба халалдор сохтани зиндагии осудаи мардуми тоҷик равона шудааст. Онҳо бо ин амали зишти худ бори дигар исбот намуданд, ки душмани ашадии тоҷику Тоҷикистонанд.

Соли 2018, ки дар кишвари мо бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ин гуна амалҳои сангину ваҳшиёна метавонад ба равуои сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо монеъа эҷод намояд. Душманони миллати тоҷик рушду нумӯ ва шукуфоии Тоҷикистони моро нахоста, кӯшиш менамоянд бо ҳар роҳу васила зарари худро ба мардуми шарафманди тоҷик расонанд.                                             Аъзои бахши намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан»  ин амали

тарҳрезишудаи хоинони миллатро қатъиян маҳкум намуда, зери шиори

“Барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”, талош намуда, барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон-Тоҷикистон саҳмгузор мебошанд.

Инчунин, аъзои бахши намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан»  сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, зери сиёсати одилонаву хирадмандона, даст ба дасти якдигар ниҳода, сади роҳи ҳама гуна бадхоҳону душманони миллат мешавем.

Ин зархаридону бадхоҳони миллат ба ҳеҷ роҳу васила наметавонанд миллати тоҷикро аз роҳи рушду ободонӣ ва даст ёфтан ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ баргардонанд. Баръакс ин амали онҳо моро водор месозад то барои боз ҳам шиддат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкории хеш содиқ бошед.

Бори дигар мо ҷавонон-Созанадгони Ватан амали ваҳшиёнаву ғайриинсонии гурӯҳҳои террористӣ дар ноҳияи Данғараро маҳкум намуда, ба наздикони сайёҳони фавтида изҳори ҳамдардӣ баён менамоем.

Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Норак Ғафурзода Фирдавс

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg