БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муборизаи беамони мо бар зидди ифротгароён ва террористон

КУШОНИЁН. Бо иштироки  кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи  Навободи ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо сокинон  мулоқот баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар вохӯрӣ  оид ба ҳодисаи нангине, ки аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонон авбош бо фармоиши  ТЭТ ҲНИ дар ноҳияи Данғара ба вуқӯ пайваст, андешаронӣ намуда, ба ҳамлаи ноҷавонмардона ва кирдори ваҳшиёнаи онҳо дар якҷоягӣ бо иштирокдорон нафрат хондаву маҳкум карданд.  

Баъдан самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сафарбар кардани сокинон ба сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳи мардум дар мавриди хатарҳои терроризму  экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари гуруҳҳои иртиҷоии  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ  дар роҳи мубориза ба онҳо, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл  ба фарҳангӣ бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ барраси карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg