БОХТАР. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар маҳалаи Ургутмаҳалла намоиши молу маҳсулоти дастии ҳунармандон баргузор гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи барқ» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Ш.ШОҲИН. Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба эҳё ва ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзию гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошию бофандагӣ ва заргарӣ, такони ҷиддӣ бахшид.
ШАҲРИТУЗ. Ҷиҳати амалигардонии нақшаи кории намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шаҳритуз барои нимаи дуюми соли 2018 Аксия ҳизбӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар деҳаи Қумшоҳи ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз, бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Абдуллоева Шоира баргузор гардид.
ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун байни аъзои ташкилоти ибтидоии «ДЕУ-43» хониши сиёсии ҳизбӣ дар мавзӯъӣ «Об барои рушди устувор» бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насимахон Ғаффорова, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Хоҷаева София бо кормандони ташкилоти номбурда доир гардид.
ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии «Коммуналӣ» бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Муродалӣ Шамсов дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯрию мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Ориёнбонк» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир намуданд.
КӮЛОБ. Барои огоҳонидани ҷомеа, хусусан насли наврасу ҷавон аз анъанаҳои миллати худ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мунтазам дар деҳаю маҳаллаҳо чорабиниҳои гуногуни рангину ҷолибро гузаронида истодааст.
ФАРХОР. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сиёсию маънавӣ ва огаҳ намудани сокинон аз хатарҳои терроризму экстремизм кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Обшорон», ки сокинони деҳаи Обошорони ҷамоати деҳоти Деҳқонариқро ба худ муттаҳид намудааст, хониши сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир намуданд.
ПАНҶ. Варзиш яке аз омилҳои муҳими солимии ҷомеа ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, дар тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш мусоидат менамоя
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12