БОХТАР. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар маҳалаи Ургутмаҳалла намоиши молу маҳсулоти дастии ҳунармандон баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок дошта, аз ин намоишгоҳ дидан намуданд.
Мардуми заҳматкаши маҳаллаи Ургут, ки бештар ба ҳунару ҳунармандӣ завқу рағбати беандоза доранд, маҳсули дастранҷи хешро, аз қабили кандакорӣ, гаҳвораву сандуқсозӣ, сабадбофӣ, тунукасозӣ, ошпазӣ, дӯхти либосҳои миллӣ, попуриву дигар намуди ҳунарҳои мардумиро пешкаши иштирокдорон намуданд.
Мақсад аз баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ ва аз нав эҳё намудани анъанаҳои неки ниёгон мебошад.