ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсие, аз тарафи кормандони масъули ҳизб дар ҷамоати деҳоти Ховалинг оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд, ба ҳозирин хеле писанд омад.
ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев, Моҳира Одинаева, Саидҷалол Ҷалилов ва Шарифзода Сафаралӣ дар якҷоягӣ бо омӯзгорону фаъолон ва аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрӣ гузарониданд.
ФАРХОР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Аловиддин" бахшида ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ баргузор гардид.
ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии “Бойторӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомаҳмадзода Музаффар, мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Ҳошимов Тоҳир иштирок ва суханронӣ намуданд.
НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак тасдиқ шудааст, дар ташкилоти ибтидоии «Нурбахш»-и кӯчаи Шукрулло Шӯлашови шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид.
Н. ХУСРАВ. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия тибқи нақшаи тасдиқгардида бо иштироки васеъи ҷавонони ҷамоати деҳоти Наврӯзи маҳаллаи Сангоба вохӯрӣ баргузор намуд.
МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Марғаки ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муъминобод бо тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бо сокинони деҳа бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал мулоқот баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Левакант дар нимаи дуюми соли 2018 бо масъулини ташкилоти ибтидоии «Ориёнбонк» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи дил” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба маҳкумсозии амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ вохӯрӣ баргузор гардид.
ДӮСТӢ. Дар деҳаи Найсони ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Армуғони Хатлонӣ» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12