ЛЕВАКАНТ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Левакант дар нимаи дуюми соли 2018 бо масъулини ташкилоти ибтидоии «Ориёнбонк» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Валиев Суҳроб вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, қайд кард, ки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаҳду талошҳои ин абармарди майдони сиёсат ба ободии Ватан ва осудагии рӯзгори сокинон нигаронида шудааст.
Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, дар шукуфоии Тоҷикистони азизамон ва зиндагии боз ҳам шоистаи хеш бо роҳи иштирок дар корҳои ободониву созандагӣ якҷоя саҳмгузор бошем.