БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Озмуни ҳизбии “Армуғони хатлонӣ” дар маҳал роҳандозӣ гардид

ДӮСТӢ. Дар деҳаи Найсони ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ озмуни  ҳизбӣ таҳти унвони «Армуғони Хатлонӣ» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур фаъолзанону духтарони деҳот намоиши ҳунарҳои миллии худро, аз қабили дарздӯзӣ, қуроқбофӣ, кашидадӯзӣ инчунин олотҳои қадимаи рӯзгори худро ба маърази намоиш гузоштанд. Аз тарафи масъулин бо иштирокчиён оид ба озмуни ҳизбии «Армуғони хатлонӣ» сӯҳбат ороста шуда, иштирокчиён водор гардиданд, ки пешниҳоди ҳама гуна ҳунарҳои шоистае, ки аз тарафи сокинон ҳамчун армуғон  пешкаш мегардад, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баҳогузорӣ гардида, барои ишғоли ҷойи  беҳтарин ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пешниҳод гардонида мешавад. Ин ташаббус сокинони маҳалро дилгарм сохта онҳоро бори дигар дар ин соли таърихи водор сохт, ки беҳтарин ҳунарҳои армуғонии худро пешкаши ҳайати масъулин гардонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg