БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳизбӣ раҳнамо ва қувваи пешбарандаи ҷомеа

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии  Тоҷикистон дар шаҳри Норак тасдиқ шудааст, дар ташкилоти  ибтидоии «Нурбахш»-и кӯчаи Шукрулло Шӯлашови шаҳри Норак вохӯрӣ  доир гардид. 

Дар вохӯрӣ  раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумринисо Гулмуродзода  иштирок намуда, оид ба  иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ, меҳанпарастӣ ва омӯхтани касбу ҳунарҳои миллӣ,  эҳтиром ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.

Кормандони масъули кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ин вохӯрӣ атрофи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он,  аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.

Инчунин, дар ин раванд  аз ҷониби масъулин озмунҳои ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”- баррасӣ карда шуда,  ҷамъомадагонро  барои анҷоми корҳои хайру савоб, созандагиву бунёдкорӣ,  омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, дар байни мардум бештар тарғиб намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg