БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Моро зарур аст дар ҷомеа омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсияро бартараф кунем

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи барқ» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид, муовини раиси ноҳия Ф.Бегмуродзода ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Барқ» А.Шарипов иштироку суханронӣ намуданд.

Зимнан, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (соли 2003) узви он мебошад.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз мавҷудияти Стратегияи зикршуда ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба мубориза бо коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.
Дар ин росто таъкид шуд, ки ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди он ба роҳ монда шуда, дар ҷомеа омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсияро бартараф кунем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg