КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Технолог”, ”Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб” ва “ Омӯзгор” маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён гирифт, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор иштирок намуд.
КӮЛОБ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҷиҳати рушду ободонии коргоҳи худ ба ҳашари умумӣ баромада, атрофи бинои Кумитаи иҷроияро тозаю озода намуданд.
ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ниҳолпарвар”, маъракаи ниҳолшинонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷараён гирифт, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин иштирок намуд.
ЁВОН. Дар арафаи ҷашни 26 солагии таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ дар баробари дигар чорабиниҳои оммавию фарҳангию маърифатӣ мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда шуд.
ДАНҒАРА. Бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани як гӯшаи диёрамон дар Ҷамоати шаҳраки Данғара дар кӯчаи марказӣ ва дар назди бинои Раёсати молия бо иштироки васеи кормандони ташкилоти ибтидоии “Раёсати молия” ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Аксияи ҳизбии “Ниҳолшинонӣ” баргузор гардид.
ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Панҷ" вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.
ДӮСТӢ. Бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Шаҳдрез” ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” боз ду синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 қомат афрохта истодааст.
ВАХШ. Шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод дар деҳаи Мирзоободи ноҳияи дар байни занони деҳа вохӯрӣ доир намуд.
ВАХШ. Дар Ҷамоати шаҳраки Киров дар деҳаи Мардатсойи ноҳияи Вахш бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Салимова Сабоҳат, муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Киров З.Абдуллоева, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Т. Расулова бо занону духтарон ва фаъолони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.
ШАҲРИТУЗ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ҷиҳати амалӣ намудани корҳои ободонӣ, тозаю зебо нигоҳ доштани маҳалли зист дар якҷоягӣ бо як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шанбегӣ дар сатҳи баланд гузаронданида шуда, дар рафти корҳои ободонӣ заминҳои назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроия нарму мулоим ва бехи дарахтон аз алафҳои бегона тоза карда шуданд.
ҶАЙҲУН. Чорабинии ҳизбӣ доир ба мавзӯи “Мақоми зан дар ҷомеа болост!” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насимахон, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатии ноҳия Балхиёрова Охира дар муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи омӯзгорӣ-муҳандисӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуд, ки мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур ин
Н.ХУСРАВ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо занону ҷавондухтарон мулоқоти судманд анҷом доданд.
КӮШОНИЁН. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроия ғолибони озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби мо!” туҳфагузорӣ карда шуданд.
ВОСЕЪ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар дар Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонон ва баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ ва дур намудани онҳо аз нашъамандӣ ва ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, ба монанди терроризм ва экстремизм дар толори муассисаи тащсилоти миёнаи умумии №61-и ноҳияи Восеъ мусобиқаи варзишии волейбол
ВОСЕЪ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулистон миёни хонандагони синфҳои болоӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ ва саволу ҷавоб оид ба ин беморӣ гузаронида шуд.
БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибидоии ҳизбии “Хатлонроҳ” маҷлис доир гардид.
БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон ба ифтихори 26 - солагии таъсисёбии ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти Балҷувон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” доир шуд, ки дар он сокинони деҳаҳои Хироб ва Мулкон ба ҳашар баромада, баҳри ободӣ ва сарсабзии ноҳия дар канори шоҳроҳи мошингард зиёда аз 200 бех ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан шинониданд.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12