ДАНҒАРА. Бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани як гӯшаи диёрамон дар Ҷамоати шаҳраки Данғара дар кӯчаи марказӣ ва дар назди бинои Раёсати молия бо иштироки васеи кормандони ташкилоти ибтидоии “Раёсати молия” ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Аксияи ҳизбии “Ниҳолшинонӣ” баргузор гардид.
Дар Аксияи ҳизбӣ иштирокдорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ва дар партави сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ дар самти сарсабзу хуррамгардонии Тоҷикистон ба ҳашари умумӣ баромада, гулу гулбуттаҳои мавсимиву дарахтони ороиширо шинониданд, ки ба ҳусни ноҳия зебогии дигаре зам намуд.