БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН - ҚИШРИ ФАЪОЛИ ҶОМЕА

ВАХШ. Дар Ҷамоати шаҳраки Киров дар  деҳаи Мардатсойи ноҳияи Вахш бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Салимова Сабоҳат, муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Киров З.Абдуллоева, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Т. Расулова бо занону духтарон ва фаъолони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Салимова Сабоҳат ба сухан баромада, оид ба  баланд барбоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯзҳо барои сайқал додани саводнокии занон, устувор сохтани институти оиладорӣ, зиёд кардани ҷойҳои корӣ барои бонувон ва шумораи занони роҳбар як қатор барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо тасдиқ гардида, дурнамои фаъолият занон ва нақши онҳоро дар ҷомеаи имрӯза муайян менамоянд. Сипас, дигар баромадкунандагон низ фикру мулоҳизаҳои хешро роҷеъ ба мақому манзалати занон дар ҷомеаи муосир баён карда, аз иштирокдорон барои  сазовор шудан ба боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа  даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg