БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

ВОСЕЪ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонон ва баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ ва дур намудани онҳо аз нашъамандӣ ва ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, ба монанди терроризм ва экстремизм дар толори муассисаи тащсилоти миёнаи умумии  №61-и ноҳияи Восеъ мусобиқаи варзишии волейбол ва Баскетбол  миёни аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” гузаронида шуд. Ҳамзамон, масъулини ҳизби ноҳия дар мусобиқа иштирок намуда, иброз доштанд, ки варзиш гарави саломатӣ буда, шахси ба он машғулшударо метавонад, ки ҳама вақт ҷавону солим ва бардам нигоҳ дорад. Инчунин, варзишро роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ низ меноманд.

Зимнан иштирокдорони мусобиқа миннатдории худро ба ташкилкунандагони ин мусобиқа расонида, иброз намуданд, ки чунин мусобиқаҳо бештар ташкил карда шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg