БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР МАҚОМИ АРЗАНДА ДОРАНД

ВАХШ. Шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод дар деҳаи Мирзоободи ноҳияи дар байни занони деҳа вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сабоҳат Салимова оид ба қадру манзалат, меҳру муҳаббат, покию зебогӣ, каромату латофат, навозишҳои пурмеҳр, сиришту сармояи ҳаёти инсонии Зан-Модар   суханронӣ намуда, қайд кард, ки Зан-Модар сарчашмаи хушкнашаванда, дарахти сершохаву серборест, ки ҳангоми пӯхта расидани меваҳояш аз шаҳди он ком ширин мекунад. Инчунин, дигар баромадкунандагон низ дар бораи нақши занону модарон дар пешрафту ободии кишвар, тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон ва ғайраҳо баромад карда,  ҳамагонро барои  боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, саҳм гузоштан дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз раҳнамоӣ карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg