ВОСЕЪ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар дар Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Иботов Диловар суханронӣ намуда, доир ба шомилшудани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, ки аз сабаби паст будани дониш ва фирефтаи ваъдаҳои холӣ мешаванд, суханронӣ намуд ва ҷавононро ба роҳи дурусти донишандӯзӣ ҳидоят кард.
Ҳамзамон, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳи пешгирии онро муҳокима намуда, ба худ маълумотҳои лозимаро гирифтанд.